рубон
101инсоннавоз — [انسان نواز] он ки ба инсонҳо аз рӯи меҳрубонӣ ва навозиш рафтор мекунад, инсондӯст …
102карам — I [کرم] а. марҳамат, иноят; саховат, ҳиммат, кушодадастӣ, ҷавонмардӣ; лутфу карам меҳрубонӣ ва мурувват II [کرم] бот. сабзавоти хӯрокии намуди машҳураш лӯнда, ки аз баргҳои паҳни ба ҳам печида иборат аст ва каллакарам, гулкарам, баргкарам,… …
103кушода — [کشاده] 1. сифати феълии замони гузашта аз кушодан 2. во, боз, яла, нобаста; як дари баста, сад дари кушода (зарб.) 3. ниг. кушод 2 4. соф, беғубор, беабр: ҳавои кушода, осмони кушода; кушода шудан а) во шудан, боз шудан; б) фош шудан, ошкор… …
104кушодан — [کشادن] 1. боз кардан, яла кардан; сарпӯши чизеро бардоштан; муқоб. бастан ва пӯшидан: гиреҳро кушодан, дарро кушодан, қулфро кушодан, тугмаро кушодан 2. густурдан, паҳн кардан: дастархонро кушодан, суфраро кушодан 3. раҳо кардан; ҷудо кардан,… …
105қадд — I [قد] а 1. дарозии одам, ҳайвон ё растанӣ ба боло, қомат, боло: қади баланд, қади боло, қади дароз, қади дилҷӯ, қади мавзун, қади расо, қади раъно, қаду боло, қаду қомат, қади касе хам гаштан, қади худро хам кардан; ба тариқи истиора: нахли қад …
106қувват — I [قوه // قوت] а 1. зӯр, қудрат, нерӯ: қувваи ҷисмонӣ, қувваи бозу, қувваи даст, қувваи худро нишон додан, ба коре қувват расидан 2. тоб, тавон, тоқат, мадор, маҷол; қувваи коре надоштан маҷол надоштан барои иҷрои коре 3. маншаи моддии воқеъ… …
107лутфан — [لطفاً] а. аз рӯи лутф, аз рӯи меҳрубонӣ ва илтифот …
108мардумдор — [مردم دار] он ки бо мардум рафтори хуб ва равиши хушоянд дорад, меҳрубон, хушрафтор, хушмуомила …
109мардумдӯстӣ — [مردم دوستي] мардумдӯст будан, меҳрубон будан ба одамон, мардумнавозӣ …
110мардумнавоз — [مردم نواز] хайру эҳсонкунанда ба одамон; навозишкор, меҳрубон …